Эҳтимоли пурра баста шудани паёмрасони “WhatsApp” дар Русия

Ба иттилои Хадамоти федералии назорати алоқа, фанновариҳои иттилоотӣ ва расонаҳои Русия эълом кардааст, ки ба далели нақзи қонунҳои Русия аз сӯи “WhatsApp” алайҳи ин паёмрасон марҳила ба марҳила иқдомҳои маҳдудкунанда ҷорӣ мекунад.

Ба иддаои ин ниҳод паёмрасони “WhatsApp” “барои созмондеҳӣ ва иҷрои иқдомҳои террористӣ дар хоки Русия, ҷалби афроди гуногун ба чунин амалҳо, инчунин, барои фиребу ҷиноятҳои дигар алайҳи шаҳрвандони ин кишвар” истифода  карда мешавад.

Манбаъ  ҳушдор додааст, ки дар сурати риоя нашудани талаботи қонунунугзории Русия аз тарафи “WhatsApp”, ин паёмрасон дар қаламрави Русия пурра баста мешавад.  

 Бояд қайд кард,ки  моҳи августи соли 2025, ин ниҳод зангҳо тариқи “WhatsApp” ва “Telegram”-ро дар Русия маҳдуд карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *