Фаранҷӣ дар дин воҷиб нест

Муфтиёти Қирғизистон бо нашри як эълон гуфт, ки “ниқобу фаранҷӣ дар дин воҷиб нест” ва он барои ҷомеаи ин кишвар падидаи бегона аст. Аз ин лиҳоз, “занҳо барои напӯшидани он гунаҳкор намешаванд”.

“Ин имкон вуҷуд дорад, ки баъзе аз бадкирдорон зери ниқоб худро хоҳар ва ё бародари мо нишон дода, мумкин аст, ба амнияти мардум таҳдид кунанд. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки чеҳра боз бошад, то онҳоро шинохта тавонанд”,- зикр мешавад дар баёнияи Идораи мусулмонони Қирғизистон.

Баҳси пӯшидани ниқоб ё фаранҷӣ ё напӯшидани он дар ҷомеаи Қирғизистон аввали моҳ ва дар пайи роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳии мақомоти интизомии ин кишвар миёни занон оид ба манъи пӯшидани ин навъи либос доғ шуд.

Мақомоти ин кишвар ба занон ҳушдор додаанд, ки “дар сурати риоя нашудани талаботи қонун занҳо 20 000 сом (230 доллари амрикоӣ) ҷарима хоҳанд шуд”.

Пас аз як рӯзи корҳои фаҳмонидадиҳӣ, Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон ҳам оид ба пӯшидани ҳиҷоб, ниқоб ва фаранҷӣ муфассал андешаашро баён кард ва гуфт, ки ин кори шахсии ҳар нафар аст, ҳар тавре мехоҳад пӯшад, аммо чеҳра бояд боз бошад.

Ҳамчунин, ӯ аз кормандони милитсия хост, “ба ҷойи салла калла наоранд”, яъне ба занҳое, ки рӯсарӣ доранд, аммо рӯяшон метобад, кордор нашаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *