Фестивал-озмуни “Парасту” як ҳафта идома мекунад
Аз 14 то 21-уми апрел дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту” баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанг, маросими кушодашавии фестивал рӯзи 14-уми апрел, соати 17:30 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз меёбад.
Дар фестивал-озмун 18 театри касбии ҷумҳурӣ ширкат варзида, беҳтарин намоишномаҳоеро, ки тӯли солҳои 2023-2024 рӯйи саҳна овардаанд, намоиш медиҳанд.
Фестивал-озмунро коршиносони соҳаи театр аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баҳогузорӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки Фестивал-озмуни “Парасту” дар ду сол як маротиба бо иштироки тамоми театрҳои касбии кишвар баргузор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ