Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои ОМ оғоз шуд

Дар доираи Панҷумин ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гашта истодааст.

Бино ба иттилои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани Форуми мазкур тадбирҳои муҳим андешида шуда, қабули меҳмонон дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардидааст.

— Қабл аз оғози Форум дар саҳни бинои Донишгоҳи миллӣ тамошои тастовардҳои зумрае аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки Форум бо иштироки намояндагони муассисаҳои олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон кори худро оғоз намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *