Генерал-полковник Иззатулло Шарифзодаро дар Данғара ба хок супориданд

Маросими ҷанозаи генерал-полковник Иззатулло Шарифзода имрӯз, 4 ноябр дар зодгоҳаш – маҳаллаи Пушинги ноҳияи Данғара баргузор шуд. Ӯ яке аз чеҳраҳои шинохтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва бо лақаби “Зорро” маъруф буд. Номбурда дирӯз, 3 ноябр дар синни 72-солагӣ даргузашт.

Иззатулло Шарифзода солҳои зиёд дар сохторҳои низомӣ ва қудратии кишвар фаъолият намудааст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон ва факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ буда, фаъолияти меҳнатиашро дар низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Аз соли 1997 то 2005 Шарифзода дар вазифаи сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе фаъолият дошт. Маҳз дар ин давра ӯ бо қатъият ва муборизаи ҷиддӣ алайҳи ҷинояткорӣ миёни ҷомеа маъруф гардид. Дар идомаи фаъолияти худ ӯ сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон таъйин шуда, зиёда аз 12 сол роҳбари ин сохтор буд.

Шарифзода аз шахсиятҳои бонуфузи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба шумор мерафт. Ӯро ҳамкорон ҳамчун шахси сахтгир, аммо инсондӯст ва одил тавсиф мекунанд.

Лақаби “Зорро” ба генерал ҳанӯз қабл аз таъйин шуданаш ба вазифаи сардори милитсияи пойтахт дода шуда буд. Ба гуфтаи ҳамкасбон, ӯ бештар бо сарпӯши сиёҳ гаштугузор мекард ва дар мубориза бо ҷинояткорон мисли қаҳрамони машҳури филм қатъияту ҷасорат нишон медод.

Дар бораи фаъолияти ӯ нависандаи тоҷик Гули Зард китобе таҳти унвони “Зоррои тоҷик” таълиф кардааст, ки дар он Иззатулло Шарифзода ҳамчун инсони хоксор, ҳалим ва намунаи ибрат барои дигарон тавсиф мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *