Гулчамбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино
Имрӯз, 18 август бахшида ба Рӯзи касбии табибони Тоҷикистон ва 1045-солагии Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино маросими гулчамбаргузорӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва доираи васеи кормандони соҳаи тандурустӣ ширкат варзиданд.




Маросим бо мақсади арҷгузорӣ ба шахсияти нобиғаи ҷаҳонӣ, фарзанди баруманди миллати тоҷик, табиб ва файласуфи машҳур – Абуалӣ ибни Сино, инчунин гиромидошти хизматҳои беназири ӯ дар рушди илми тиб баргузор гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ