Гумонбари куштори шаҳрванди Тоҷикистонро дар ИМА боздошт карданд
Пулиси Стоктон (шаҳри Калифорнияи ИМА) як гумонбар дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон Илҳом Чодиевро, ки рӯзи 15-уми июн бо зарби гулӯла кушта шуд, боздошт кардааст.
Тавре полиси Стоктон дар “Твиттер” хабар дод, муфаттишон Эндрю Кристофер Ватсони 29-соларо (сокини Мантек) боздошт кардаанд.
“Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад”,- омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ки ӯ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ронандаи мошини боркаши “Амазон” – зодаи Тоҷикистон Илҳом Чодиев бар асари тирпарронӣ дар шоҳроҳи Латропи Калифорния (ИМА) ба ҳалокат расида буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ