Густариши робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Данғара


Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шукрулло Хайрзода, дар нишасти матбуотӣ аз тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ хабар дод. 


Ӯ гуфт, ки донишгоҳ бо 11 муассисаи олии хориҷӣ, аз ҷумла донишгоҳҳои маъруфи Беларус, ба мисли Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроника, Донишгоҳи давлатии Гомел ба номи П.О. Сухой, Донишгоҳи давлатии Брест ба номи А.С. Пушкин ва Донишгоҳи давлатии Гродненск ба номи Янки Купала шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.


Ҳоло дар донишгоҳ 220 донишҷӯи хориҷӣ, асосан аз  Узбекистон  таҳсил мекунанд. Ректор ният дорад теъдоди донишҷӯёни хориҷиро афзоиш диҳад. Дар доираи барномаҳои мубодилаи академӣ, 15 донишҷӯ аз нимсолаи якуми соли таҳсили 2024–2025 ба Донишгоҳи технология ва илми Янчени Чин фиристода шудаанд.


Айни замон, шумораи умумии донишҷӯён 8050 нафар мебошанд, ки 120 нафар аз рӯи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд. Имсол 1673 нафар хатмкунанда бо муваффақият таҳсили худро ба поён расониданд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *