Туркия

Хисороти заминҷунбии Туркия муайян шуд. СММ рост мегӯяд ё Эрдуғон?

– Вазири кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал Ваҳит Киришчӣ ба хабарнигорон гуфт, ки заминларзаи рӯзи 6-уми феврал дар Туркия ба кишвар 80 миллиард доллар хисорот ворид кардааст,- гузориш медиҳад Sabah.

Дар навбати худ, намояндаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Луиза Винтон ба хабарнигорон гуфт, ки бар асари заминларза дар Туркия 100 миллиард доллар хисорот ворид шудааст.

Теъдоди қурбониёни заминларза, аз рӯи маълумоти охир, аз 46 ҳазор нафар гузашт. Аз сабаби зилзила шикасти тектоникӣ ба вуҷуд омад. Раҷаб Тайиб Эрдуғон – раисҷумҳури Туркия ин фалокатро харобиовартарин дар таърихи кишвар номид.

Ба гуфтаи Эрдуғон, теъдоди биноҳои харобшуда, садамавӣ ва сахт осебдида ҳудуди 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар Туркия ба далели қонуншиканиҳо дар ҷараёни сохтмони онҳо тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *