Худкушии хонандаи мактаб дар Кӯшониён
Дирӯз 12 апрели соли ҷорӣ як хонандаи гимназияи давлатии рақами 3 дар ноҳияи Кӯшониён, худкушӣ кардааст.
Исозода Диловар, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон гуфт, ӯ дар синфи 7-и гимназияи давлатии рақами 3-и ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён таҳсил мекард ва духтари фаъол буд. Бо сабабҳои барои мо ҳанӯз номаълум дар манзили зисташон даст ба худкушӣ задааст,-афзуд ӯ.
Давоми соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон чор ҳолати даст ба худкушӣ задани хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба қайд гирифта шудааст.
Машраби Аловиддин
Шарҳ