Ифтитоҳи хобгоҳи нав дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
25 декабр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуд.

Хобгоҳ дорои 153 ҳуҷраи истиқоматӣ мебошад ва барои 460 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Дар хобгоҳ барои донишҷӯён тамоми шароити зарурии муосир, аз ҷумла утоқҳои барҳавои хоб, толорҳои мутолиа, китобхона, ошхона, нуқтаҳои хизматрасонӣ, ҳуҷраҳои тиббӣ ва дигар иншооти ёрирасон фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон, Сарвари давлат бо донишҷӯён суҳбат намуда, бо назардошти зиёд будани ниёз ба кадрҳои баландихтисос онҳоро ба омӯзиши амиқи илму технологияи муосир, риояи интизом, пайваста такмил додани малакаи касбӣ ва дар оянда хизмат намудан ба нафъи ҷомеа ҳидоят кард.
Дар ин рӯз, бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сохтмони бинои нави хобгоҳ барои донишҷӯён, ки дорои 125 ҳуҷра бо 375 рахти хоб хоҳад буд, санги асос гузошта шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ