Игор Черевченко

Игор Черевченко — мураббии нави “Истиқлол”

Игор Черевченко 21-уми августи соли 1974 дар шаҳри Душанбе дар оилаи футболбоз ба дунё омадааст. Ў писари футболбоз Геннадий Черевченко мебошад, ки қариб тамоми фаъолияти худро дар дастаи «Помир»-и Душанбе гузаронидааст.

Ў тамрини аввалини футболро дар мактаби варзишии Душанбе, ки собиқ шарикони падараш дар дастаи «Помир» ба ҳайси мураббӣ кор мекарданд, гирифта буд. Соли 1992 дар синни 18-солагӣ қаҳрамони кишвар шуд. Соли 1994 дар вохўрӣ бо «Равшан» (10:0) 7 гол задааст.

Баъди пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ оилаи Черевченкоҳо ба вилояти Маскави Русия кўчиданд. Игор ба бозӣ дар Лигаи дуюми Русия дар ҳайати дастаи «Индустрия» аз Обнинск оғоз кард. Соли 1996 ўро сармураббӣ Юрий Сёмин, ки дар оғози фаъолияти мураббигиаш «Помир»-ро раҳбарӣ мекарду дар ҳайати он Геннадий Черевченко бозӣ кардааст, ба «Локомотив»-и Маскав даъват кард. Дар ҳайати “Локомотив” ў чор маротиба қаҳрамони Русия, чор бор Ҷоми Русия ва ду маротиба дар даври нимниҳоии Ҷоми дорандагони ҷом ширкат кардааст.

Дар ин давраи муваффақтарин дар фаъолияти худ ў дар ҳайати бошгоҳ дар 170 бозӣ ширкат карда, 9 гол задааст.

Пас аз тарки «Локомотив» дар нимаи аввали мавсими 2002 ў дар «Торпедо»-и Маскав бозӣ кард ва пас аз он санҷиши бебарор дар дастаи «Энерги»-и Олмон бо иҷора ба дастаи «Алания» (Русия) гузашт.

Черевченко дар солҳои 1993 ва 1994 дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 4 бозӣ анҷом додаааст.

Баъд ба кори мураббигӣ гузашта, дар мактаби варзишии наврасони «Локомотив-Перово» кор кард. Аз феврали соли 2008 ба ситоди мураббиёни Рашид Раҳимов дар “Локомотив”-и Маскав шомил шуда, вазифаи мураббиро иҷро кард. Дар моҳҳои сентябр-октябри соли 2014 ва аз 11-уми майи соли 2015 то 2-юми июни соли 2015 иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста буд. 21-уми майи соли 2015 Черевченко ба сифати иҷрокунандаи сармураббии дастаи «Локомотив» дар бозии ниҳоӣ бар «Кубан» ғолиб омада, Ҷоми Русияро ба даст овард.

2-юми июни соли 2015 расман сармураббии «Локомотив» шуд. 8-уми августи соли 2016 дар бораи истеъфо эълон кард ва 10-уми август дар ҷаласаи Шўрои директорони бошгоҳ аризааш қонеъ карда шуд.

8-уми феврали соли 2017 сармураббии бошгоҳи «Балтика» (Калининград) шуд. 13-уми ноябри соли 2018 ў ба бошгоҳи «Арсенал» (Тула) гузашт. Дар мавсими 2018/2019 “Арсенал” таҳти раҳбарии Черевченко дар Чемпионати Русия мақоми шашумро ишғол карда, ба даври ниманиҳоии Ҷоми Русия ва ба Лигаи Аврупо роҳ ёфт. Ин се натиҷа баландтарин дар таърихи клуби Тула буданд.

Моҳи майи соли 2019 Игор Черевченко бо «Арсенал» шартномаи нав ба имзо расонд, ки то соли 2020 амал кард. 25-уми сентябри соли 2020 ў сармураббии бошгоҳи футболи «Химки» таъйин шуд, ки он вақт дар Лигаи Тинкоффи Русия ҷойи охиринро ишғол мекард. Дар охири мавсим «Химки» ҷои 8-умро ишғол карда, ба натиҷаи беҳтарини таърихи худ ноил гардид. 22-юми феврали соли 2022 Черевченко аз кор озод карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *