“Ишқ”-и Нигина Амонқулова нашр шуд

Ютубканали “Qiam Entertainment” суруди нави ҳунарманди маъруфу хушноми тоҷик Нигина Амонқуловаро бо номи “Ишқ” нашр намуд.

“Ишқ”-и Нигина Амонқулова дорои намоҳанг буда, сужаи он аз ишқи пурмуаммои ду ҷавон нақл мекунад, ки ҳалли он дар охир маълум мешавад. Яъне, ошкор мегардад, ки ишқи духтар яктарафа ва беҷавоб нест.

Ҳамчунин, бояд гуфт, ки муаммои муҳаббати ду дилдодаро дар намоҳанг худи Нигина Амонқулова мекушояд ва мусоидат мекунад, ки онҳо ба ҳам бирасанд.

Суруди мазкур дар худ чунин мисраъҳоро дорад:

Эй ишқ, вобастаи дардам кардӣ,

Эй ишқ, пойизи рӯзардам кардӣ.

Эй ишқ, кӯчактар аз гардам кардӣ,

Эй ишқ, аз хеш дилсардам кардӣ.

Бояд ёдовар шуд, ки Нигина Амонқулова аз ҷумлаи овозхонҳои соҳибистеъдоди мост, ки ба қавле “ҳарчӣ” намехонад. Яъне, дар муддати муайян як суруд нашр мекунад, вале хуб, нишонрас, бомаънӣ ва зебо.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *