Иттиҳом аз президентҳои собиқи FIFA ва UEFA бардошта шуд

Президентҳои собиқи FIFA ва UEFA Йозеф Блаттер ва Мишел Платини дар иттиҳоми фасод дар Швейтсария сафед шуданд. Додситонҳо бар ин назар буданд, ки онҳо беш аз 2 миллион доллари буҷаи Созмони ҷаҳонии футболро азхуд кардаанд.

Ба гузориши Forbes, Додгоҳи федеролии Швейтсария президенти пешини FIFA Йозеф Блаттер ва президенти пешини UEFA Мишел Платиниро дар парвандаи фасодкорӣ сафед кард. Рўзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар додгоҳи шаҳри Беллинзонаи ҷануби Швейтсария муҳокимаҳо баргузор шуданд.

Моҳи ноябри соли гузашта Блаттер ва Платини ба қаллобӣ муттаҳам шуда буданд. Сабаби тафтишот пардохти 2 миллион франки швейтсарӣ (ҳудуди 2,2 миллион доллар) аз буҷаи Созмони ҷаҳонии футбол будааст, ки муфаттишон онро ғайриқонунӣ донистаанд.

«Бо иштироки Блаттер FIFA дар аввали соли 2011 ба Платини маблағи зикршударо пардохт кард. Далелҳои ҷамъоварда тасдиқ карданд, ки ин пардохт бе асоси қонунӣ сурат гирифтааст. Ин пардохт ба дороиҳои FIFA зиён расонида, Платиниро ғайриқонунӣ бой кардааст”,- гуфт он замон додситонии Швейтсария.

Блаттер аз соли 1998 то 2015 раҳбарии FIFA буд. Вай дар робита ба моҷарои коррупсионӣ ин мақомро тарк кардааст. Ҳамон замон, FIFA ўро барои интиқоли ғайриқонунии 2 миллион франки швейтсарӣ ба Платини, ки он вақт роҳбари UEFA буд, аз фаъолият дар футбол маҳрум кард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.