Иттифоқи абадӣ. Гузориш аз сафари Президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон

Сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон хеле бобарор анҷом ёфт. Нуктаи муҳими ин сафар имзо шудани санади стратегӣ — Эъломия дар бораи таҳкими дӯстӣ ва иттифоқи абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд…

Пешвози меҳмони олиқадр

Рӯзи 2-юми июн Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмии дурӯза вориди Тошканд шуд. Сарвари давлати моро дар фурудгоҳ Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев шахсан пешвоз гирифт.

Дафтари матбуотии президенти ин кишвар менависад, ки “роҳбари Тоҷикистон аз боғи “Янги Ўзбекистон” дидан карда, ба пояи муҷассамаи “Истиқлол” гул гузошт.

Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Шавкат Мирзиёев ба Ӯзбекистон сафар кардааст.

Хадамоти матбуотии президент хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Бонки миллӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

Дар идомаи сафари кории хеш Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Шавкат Мирзиёев аз корхонаи муштараки ӯзбекистонию чинии истеҳсоли мошинҳо дар шаҳри Хева, Парки техникии Тошканд, корхонаи истеҳсолии Хоразм низ дидан кард. 

Аз амният то иқтисод

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон пас аз мулоқот бо ҳамтои ӯзбекаш бо хабарнигорон дар мавриди ҷузъиёти сафараш суҳбат кард.

Сарвари давлат гуфт, ки дар якҷоягӣ бо ҳамтои ӯзбеки худ санади стратегӣ — Эъломия дар бораи таҳкими дӯстӣ ва иттифоқи абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расониданд, ки ба манфиати ҷонибҳо ва сулҳу субот аст.

Ба гуфтаи Президенти Тоҷикистон, дар 3 соли охир миёни ҷумҳуриҳо ҳудуди 100 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф имзо шудааст. Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ҳамчунон самти афзалиятнок боқӣ мемонад.

Сарвари давлат таъкид кард, ки гардиши мол миёни кишварҳо дар соли 2021 беш аз 600 миллион долларро ташкил додааст. Дар зарфи 6 сол бошад, он 40 баробар афзудааст. Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба ҳадафи худ, яъне ба 1 миллиард доллар расондани додугирифти молӣ наздик мешаванд.

Раҳбарони кишварҳо ба масоили илму фарҳанг ва ҳунару санъат, ки халқҳои ду ҷониб муштаракоти зич доранд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардаанд. Зикр гардид, ки сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” тирамоҳи имсол ба поён мерасад.

Амният як мавзуи муҳими музокирот буд. Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар ин замина, бахусус дар масъалаи Афғонистон таъйид карданд.

Ифтитоҳи сохтмони ду нерӯгоҳ

Маросими пахши тугмаи оғози бунёди нерӯгоҳҳо дар қасри президенти Ӯзбекистон тариқи маҷозӣ, аз сӯйи дигар, роҳбарони вазорату идораҳои марбута, мутахассисон ва муҳандисони бахши энержии ду кишвар дар минтақаи сохтмони ин нерӯгоҳ — деҳаи Ёвони ноҳияи Айнии Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон менависад, ки ду нерӯгоҳро мутахассисони ҳар ду кишвар бо иқтидори умумии 320 МВт месозанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон, ин нахустин тарҳи бузурги ҳамкориҳои дуҷонибаи энергетикӣ аст.

— Нерӯгоҳи замонавии НБО “Ёвон” бо иқтидори 140 мегаватт дар таъмини амнияти энергетикӣ, устувории бахшҳои обу кишоварзии кишварҳои мо нақши муҳим хоҳад дошт,- менависад дафтари матбуотии Ӯзбекистон.

Арзиши тахминии НБО “Ёвон” 282 миллион доллар буда, аз он 700-800 миллион кВт/соат нерӯи барқ тавлид мешавад.

Лоиҳа иқтидори илмию истеҳсолии соҳаро мустаҳкам мекунад, ҳазорҳо хона ва корхонаҳои навро бо энергияи «сабз» таъмин месозад.

Ҳамчунин, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар соли 2020 ба мувофиқа расиданд, ки имкони бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ дар рӯди Фондарё бо арзиши тахминии 270 миллион доллар, иқтидори 135 МВт ва тавлиди 500-600 миллион кВт/соат нерӯи барқро баррасӣ кунанд.

Тобистони соли гузашта Алишер Султонов, вазири энергетикаи Ӯзбекистон дар мусоҳиба бо хабаргузории Kun.uz гуфта буд, ки барои сохтмони нерӯгоҳҳо ҷамъияти саҳомии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон таъсис дода мешавад ва маблағгузорӣ ба лоиҳаҳо аз ҳисоби қарз ва грантҳои ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои худии ҳар ду кишвар ба нақша гирифта шудааст.

“Ин нерӯгоҳҳо барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти Ӯзбекистон 1,4 млрд кВт/соат нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол хоҳанд кард”,- илова карда буд Алишер Султонов.

75 шартнома бар ивази 1 млрд доллар

Дар доираи сафари расмии Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон бо иштироки беш аз 200 соҳибкори тоҷику ӯзбек форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар ҳошияи он 75 санади тиҷоративу иқтисодӣ ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар ба имзо расид.

Дар форум муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, муовини сарвазир — вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов ва дар маҷмуъ, беш аз 200 намояндаи расмӣ, соҳибкорон, тоҷирон ва сармоягузорони ду кишвар ширкат карданд. 

Гуфта мешавад, ки зимни форум миёни намояндагони ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва соҳибкорони ду кишвар масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни суханронӣ сарони ҳайатҳои ду кишвар имконоти назаррасро барои тавсеаи шарикии иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки технологӣ, ба роҳ мондани робитаҳои ҳамкорӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёз ва рушди бозорҳои ояндадор қайд намуда, намояндагони соҳибкорони Ӯзбекистону Тоҷикистонро барои ҳамкории фаъол даъват намуда, ҳамзамон омодагии ҳукуматҳои ду кишвар барои расонидани ҳама гуна дастгирии зарурӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак таъкид гардид.

— Дар доираи форум миёни соҳибкорон ва тоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 40 созишномаву қарордодҳои тиҷоратӣ ба маблағи зиёда аз як миллиард доллари ИМА ба имзо расид,- навиштааст сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар шарҳи баргузории ин форум.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати сармоягузорӣ ва савдои берунаи Ӯзбекистон навиштааст, ки дар ҳошияи форум 75 санади тиҷоративу иқтисодӣ ба маблағи 1062,6 миллион доллар ба имзо расид.

Ин ниҳод гуфтааст, ки бо мақсади тақвияти савдои дуҷониба ва ҳавасмандсозии рушди ҳамкориҳои саноатӣ дар ояндаи наздик таъсиси минтақаи наздисарҳадии «Ӯзбекистон-Тоҷикистон» дар минтақаи гузаргоҳҳои “Ойбек” ва “Фотеҳобод” дар назар аст, ки дар он иқтидорҳои истеҳсолӣ, марказҳои логистикӣ ва зерсохтори зарурӣ ҷойгир карда мешаванд.

— Ҳамчунин, азми ду кишвар ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои саноатӣ дар соҳаҳои саноати сабук, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, дорусозӣ, электротехника, истихроҷи маъдан ва энергетика эълон карда шуд. Дар ин росто имкониятҳои таъсиси ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли 2021 ҳамчун василаи муассири дастгирии лоиҳаҳои бахши хусусӣ таъкид гардид,- навиштааст Вазорати сармоягузории Ӯзбекистон.

Дар ҷараёни форум ҳамчунин доир ба лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак дар соҳаҳои нақлиёт, логистика ва ҳамкориҳои байниминтақавӣ маълумот дода шуд.

Қатораи Душанбе — Тошканд

Билохира, нуктаи муҳими дигари сафари Сарвари давлат ба Ӯзбекистон боз шудани роҳи қатора аст. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои равуои боз ҳам осонтари сокинони кишварҳо ба мусофирати рафтубаргашти шаҳрвандони ҳар ду ҷумҳурӣ аз тариқи қатора иҷозат медиҳанд.

— Аз 20-уми июни соли равон қатораи мусофирбар дар масири Тошканд — Душанбе ба кор шуруъ мекунад,- хабар медиҳад дафтари матбуотии президенти Ӯзбекистон.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоташ бо Шавкат Мирзиёев дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки ҷонибҳо ҳамзамон имкони азсаргирии иртиботот аз тариқи роҳи оҳан ба дигар шаҳрҳои бузургро баррасӣ мекунанд.

«Тибқи маълумоти мо, ҳамарӯза ҳудуди 20 ҳазор нафар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро убур мекунанд. Ин рақами хеле муҳим аст. Низоми муомилоти озоди молу хидматрасонӣ таъмин карда шуд. Хаҷми боркашонии ҳавоӣ ва автомобилӣ хеле афзуд»,- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин, раҳбарони кишварҳо дар бораи ташаккули долонҳои нави транзитӣ ва эҷоди инфрасохтори замонавии логистика, афзоиши ҳамлу нақли ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автобусҳо, ташкили кластерҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои замонавии истеҳсолӣ, ташкили коркарди меваю сабзавот ва якҷоя ворид шудан ба бозорҳои кишварҳои сеюм ба мувофиқа расиданд.

О. СОҲИБЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.