Иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта дар Панҷ
Ноҳияи Панҷ нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро кард. Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон бо сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ барои иҷро нақша аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ изҳори сипос карда, онҳоро ҳавасманд кардааст.
Кишоварзони ноҳияи Панҷ баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба рушди минбаъдаи соҳаи пахтакорӣ, истифодаи қоидаҳои муосири агротехникӣ ва кишти тухмии хушсифату серҳосил кӯшиш намуда, соли равон дар майдони умумии 5 ҳазору 483 гектар кишти пунбадонаро ба роҳ монда буданд.
Дурнамои истеҳсоли пахта дар ноҳияи Панҷ, 13 ҳазор тонна муайян гардида, меҳнаткашони ноҳия ба санаи 14 ноябри соли 2025 – ум 13 ҳазору 17 тонна тиллои сафед ҷамъоварӣ намуданд, ки беш аз 100 дарсади нақшаро дар бар мегирад.
Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакор то ин имрӯз 15 шаҳру ноҳия – Левакант, Бохтар, Дустӣ, Ёвон, Данғара, Вахш, Хуросон, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ва Панҷ пурра аз иҷрои нақшаи пахта баромадаанд.
Вилояти Хатлон аз иҷрои дурнамои солонаи ҷамъоварии ҳосили пахта рӯзи 5 ноябр мужда дода буданд. Соли ҷорӣ кишоварзони Хатлон дар майдони 108 ҳазору 265 гектар пахта кишт намуда, то имрӯз беш аз 255 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карданд, ки аз нақша бештар аст.


Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ