«Кӯмак» ба маъшуқа муҳоҷири тоҷикро паси панҷара бурд

Шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми додани пора ба  яку ним сол зиндон шуд.

Бинобар ахбори расонаҳо ин шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон Эмомалӣ Сатторов ном дошта, барои додани пора ҳабс шудааст. Ӯ ба иттиҳоми пешниҳоди пора барои халос кардани дӯстдухтараш аз ҷавобгарӣ зиндон шудааст.

Дӯстдухтари ӯ-Натали Григорчак ба истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ гунаҳкор дониста мешавад.

Бояд гуфт, 3-юми феврали соли ҷорӣ ин шаҳрванди Тоҷикистон ба корманди полис 25 ҳазор рубл пора пешниҳод мекунад, то дустдухтарашро аз ҷавобгари озод намояд. Вале кормандони пулис уро озод менамоянд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Кумитаи тафтишотии вилояти Воронеж тафтиши парвандаи ҷиноиро нисбати як марди 50-солаи тоҷикро ба анҷом расонд, ки дар пешниҳоди як миллион рубл пора ба афсари “ФСБ” барои сабук кардани ҷазои дӯсти боздоштшудааш муттаҳам мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *