Рӯзи иди дипломатҳо-аввалин рӯзи баромади президент дар СММ

Рӯзи 29-уми сентябр ҳамчун рӯзи дипломатҳо минбаъд тақлил карда мешавад.
Ваклилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, имрӯз 22-юми июн тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи рӯзҳои идро муҳокима ва қабул карданд. Бар асоси ин тағиру иловаҳо як рӯзи дигар ҳамчун рӯзи хизматчиёни дипломатӣ ба рӯзҳои ид изофа шуд.
Гуфта мешавад, дар ин рӯз нахустин маротиба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони миллати Муттаҳид ҳамчун президенти Тоҷикистон суханронӣ карда буд.
Насиба Содиқова, вакили Маҷлиси намояндагон дар шарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур гуфт, ки 29-уми сентябр бори аввал Эмомалӣ Раҳмон дар минбари Созмони миллали Муттаҳид баромад карда, Тоҷикистонро ба ҳайси давлати соҳибистиқлол муааррифӣ намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *