КДАМ: Марги 4 террорист дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон
Дар марзи миёни Афғонистон ва дар Тоҷикистон даргири мусалаҳона сурат гирфт, ки дар натиҷа чаҳор террорист ба ҳалокат расидааст.
18-уми январ Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз нобуд кардани як гурӯҳи чаҳор нафара ва мусодираи аслиҳа хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳудуди соатҳои 00.30 18-уми январ чаҳор нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар аломати сарҳадии 151/2, қаноти чапи минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 7-уми «Хирманҷо», Отряди сарҳадии «Ёл», воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳади давлатиро убур карда, аз деҳаи Дарбандаки вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ворид шуданд.
Ба навиштаи маоқомот ин гурӯҳ аз чаҳор нафар иборат буда, дар натиҷаи амалёт ҳар чаҳор террорист нобуд када шудааст.
Ба иттилои КДАМ, “аз ҷои ҳодиса 3 адад силоҳи оташфишони тамғаи автомат Калашников, 1 адад таппончаи истеҳсоли хориҷии навъи “Круз”, 6 тирдон, 183 адад тирҳои АК ва таппонча, 3 адад телефони мобилӣ, 1 адад ратсия, 1 адад қаиқ мусодира карда шуд”.
Ёдрвар мешавем, ки 24-уми декабр дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон задухӯрд ба амал омад, ки боиси марги ду афсари Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ