Кембриҷ дар Душанбе. 10 соли фаъолият ва дастовардҳо (ВИДЕО)

Аз таъсиси Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе 10 сол сипарӣ мешавад. Муҳибулло Зувайдуллозода, директори Мактаби байналмилалии Президентӣ, номзади илмҳои фалсафа дар суҳбат мегӯяд, ки мактаб бо ташаббуси Президенти мамлакат бунёд гашта, 1-уми сентябри соли 2012 ифтитоҳ ёфт. Ӯ ба хабарнигори “Тоҷикистон” доир ба  дастовардҳои мактаб ва иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилӣ, имтиёз ба хонандагони болаёқат ва маблағи таҳсилу шароити таълим маълумот дод. 

Низоми Кембриҷ дар Душанбе

“Ҳадаф аз таъсиси он таълими хонандагонест, ки тавонанд дар донишгоҳҳои пешоҳанги ҷаҳон таҳсили худро давом диҳанд ва баъдан ҳамчун кадрҳои баландихтисос ба ҷумҳурӣ баргарданду дар рушду нумӯи кишварамон нақши арзанда гузоранд. Барномаи таълимие, ки дар литсей амалӣ мешавад, дар заминаи барномаҳои Донишгоҳи Кембриҷи Оксфорд, баъзе фанҳо мувофиқи стандарти пешбининамудаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таҳия ва роҳандозӣ шудаанд”,- иброз дошт Муҳибулло Зувайдуллозода.

Мавсуф бар ин назар аст, ки дар солҳои аввали таъсис ва фаъолият, албатта, мушкилот ҷой дошт: дастрасӣ ба китобҳои таълимӣ, кадр ва ғайра. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мушкилоти мавҷуда бартараф гардид. Имрӯз дар мактаб низоми хуби омӯзиш барои хонандагон муҳайё шудааст. “Мушкилоти кадриро аз ҳисоби ҷавонони болаёқату дорои диди тоза аз дохили кишвар ҳал кардем. Боз тавонистем, ки омӯзгоронро аз кишварҳои хориҷӣ: Амрико, Филиппину Ҳиндустон, Покистон ва Нигерия ҷалб намоем. Ин иқдом имрӯз ҳам идома дорад. Ба мувофиқа расидем, ки соли таҳсили нав боз 3 нафар омӯзгор — 1 нафар аз Покистон ва 2 нафар аз Ҳиндустон барои идомаи фаъолият ба мактаб ҷалб шаванд. Дар тӯли 10 соли фаъолият мо тавонистем мақсадҳоеро, ки дар назди муассиса гузошта шуда буданд, амалӣ созем. Барои муассисае, ки низоми таҳсилоти дохилӣ ва байналмилалиро муаррифӣ кардан хоҳад, албатта, 10 сол кифоя нест. Аммо дар ин муддат ба як қатор муваффақиятҳои назаррас ноил гаштем. Аз 42 то 50 фоиз хатмкунандагони мактаб ба донишгоҳҳои олии бонуфузи хориҷӣ дохил шуданд. Умуман, 100 фоизи хатмкунандагони таълимгоҳ ба макотиби олии дохил ва хориҷ шомил мешаванд”,- мегӯяд Зувайдуллозода.

Таҳсил дар муассисаҳои бонуфуз

Айни замон хатмкардани мактаб дар кишварҳои Швейтсария, Канада, Амрико, Олмон, Русия, Чин, Қазоқистон, Туркия… таҳсил доранд. “Онҳо ҳамеша бо мо иртибот доранд. Хатмкардагони солҳои пештар аллакай дар ширкату идораҳои бонуфузи байналмилалӣ ва дохилӣ кор мекунанд”,- бо хушҳолӣ изҳори назар кард директори таълимгоҳ.

Дар мактаб хонандагон асосан фанҳоро бо забони англисӣ меомӯзанд. Дар баробари ин, бо хоҳиши волидон хонандагон метавонанд забони чинӣ, фаронсавиро омӯзанд. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ таълим дода мешавад. Ҷиҳати такмили забондонӣ омӯзиши забони русӣ низ ба роҳ монда шудааст. “Барои амалӣ сохтани ин ҳадаф мо заминаи хуби таълимӣ ва омӯзгорони варзида дорем”,- иброз медорад М. Зувайдуллозода.

Имтиёз ба хонандагон

Азбаски Мактаби байналмилалии Президентӣ ҷумҳуриявист, аз тамоми қаламрави кишвар хонандагон имкони дар ин ҷо таълим гирифтан доранд. Чанде аз хонандагон бо тавсияи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Мактаби байналмилалалии Президентӣ таҳсил мекунанд.

“Онҳо ҳангоми сафари Пешвои миллат ба манотиқи гуногуни кишвар дар назди мардум баромад намуда, аз худ донишу маҳорати баланди забондонӣ ва суханварӣ нишон додаанд. Инчунин, фарзандони падару модароне, ки дар созмонҳои байналмилалӣ фаъолият мекунанд ё берун аз кишваранд, дар ин мактаб таҳсил мекунанд. Зеро мактаб дорои тамоми шароит, аз ҷумла хобгоҳи замонавӣ мебошад. Ҳоло аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хонандагон ба таълим фаро гирифта шуда, бо хобгоҳ таъминанд. Дар хобгоҳи мактаб имкони дар як вақт то 640 нафар хонандаро ҷой кардан ҳаст. Хобгоҳ шароити хуб барои зиндагӣ дорад”,- иброз дошт Зувайдуллозода.

Дар мактаб хонандагони болаёқат имтиёз доранд? Чунин буд суоли ман ба Муҳибулло Зувайдуллозода.

— Барои онҳое, ки дониш ва маҳорати баланд доранду тавсия шудаанд, таҳсил ройгон мебошад. Як қатор имтиёзҳо ҳам пешбинӣ шудаанд. Масалан, барои иштирок дар ҳар як озмун, ҳатто дар олимпиадаи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ тахфиф ҷорӣ намудем. Яъне, хонандае, ки дар як сол, агар дар ду-се олимпиада иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён гардад, маблағи таҳсили вай ба андозаи аз 30 то 70 фоиз кам мешавад. Ба хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои умумиҷаҳонӣ сазовори медали тилло, нуқра ва биринҷӣ мегарданд, барои ҷойҳои 3-юм 40 фоиз, 2-юм 50 фоиз, 1-ум 60 фоиз тахфиф ҷорӣ намудем. Хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои минтақавӣ сазовори медалҳои нуқра, тилло ва биринҷӣ мегарданд, мутаносибан аз 30 то 50 фоиз аз ҳаққи пардохти маблағи таҳсил озоданд. Инчунин, хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён мешаванд, аз 10 то 30 фоиз аз пардохти маблағи таҳсил озод карда мешаванд. Ҳадаф аз ин иқдом ҷалби бештари хонандагони лаёқатманд ба муассиса мебошад. Маблағи солонаи таҳсил ба андозаи 3500 доллар муайян шудааст,- посух медиҳад ӯ.

Иштироки хонандагон дар олимпиадаи Амрико

— Яке аз самтҳои асосии фаъолияти муассиса омода намудани хонандагон барои иштирок дар олимпиадаҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. То куҷо ба ин муваффақ шудаед?

— Аслан, олимпиадаҳои байналмилалӣ бо забони англисӣ сурат мегиранд. Дар ҳошияи “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” тавонистем ба дастовардҳои назаррас ноил гардем. Тайи чанд сол аст, ки хонандагони мо дар олимпиадаҳои дохилӣ ва хориҷӣ аз ин фанҳо иштирок доранд ва сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Имсол тавонистем аз технологияи иттилоотӣ, химия дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ шавем. Бар замми ин, дар олимпиадаҳои гуногуни байналмилалӣ, ки ҳам тариқи ҳузурӣ ва ҳам онлайн мегузаранд, хонандагон ҷойи намоёнро ишғол намуданд. Аз ҷумла, дар олимпиадаи Амрико, ки асосан хонандагони синфҳои 5-6 иштирок мекунанд, 25 нафар аз мактаби мо иштирок намуданд. Аз ин 15 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Ҳамчунин, 21-уми майи соли равон дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 9-10 толибилмони мактаби мазкур иштирок намуда, сазовори ҷойҳои зерин шуданд: аз забони англисӣ Исмаилова Камила ва Изатуллозода Фарзона ҷойи 2-юм, Ҷамшедзода Гулнора ва Абдурахмонова Азиза ҷойи 3-юм, Бадиев Мирзоодил ва Исмоилзода Мунира ҷойи 3-юм ва аз забони русӣ Ашурова Дилноза ва Шаҳрбону Ширинова ҷойи 2-юм.

Дар олимпиадаи байналмилалии «Hippo» бошад, ки аз забони англисӣ сурат гирифтааст, Абдуқодирзода Абдураҳмон, Саминов Салман,  Ҳакимзода Муҳаммад, Усмонов Афросиёб, Аброров Исмоил, Сабин Насир ҷойи 2-юм, Воҳидов Хушқадам, Убайдуллоев Меҳроб, Розиқов Азамат ва Саидова Марям ҷойи 3-юмро ишғол намудаанд.

14-уми май дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи мактаббачагон аз фанҳои таълимӣ барои хонандагони синфҳои 5-6 толибилмони ин мактаб сазовори ҷойҳои зерин шудаанд: аз забони англисӣ 9 ҷой, забони русӣ як ҷой ва математика 1 ҷой.

Дар озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» хонандаи синфи 11-и Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе Сайфова Шаҳноза дар номинатсияи «Сайёҳӣ-кишваршиносӣ» иштирок намуда, бо лоиҳаи эҷодӣ дар мавзўи “Тоҷикистон — кишвари сайёҳӣ: ҳолат, мушкилот, дурнамои рушд ва нақши он дар рушди иқтисоди миллӣ” баромад карда, сазворои ҷойи якум гардид.

Дар олимпиадаи байналмилалии «Fiso», ки  фосилавӣ дар Амрико гузашт, 25 нафар хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ сазовори медалу ифтихорномаҳо гаштаанд.

Рӯйхати дастовардҳои ин мактабро метавон идома дод. Директори мактаб мутмаин аст, ки минбаъд ҳам хонандагон дар олимпиадаҳо иштирок намуда, бо пешниҳоди лоиҳаҳо имиҷи таълимгоҳро боло мебаранд. 

Усмон НИЁЗӢ

P. S.

Видео-суҳбат бо директори Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе Муҳибулло Зувайдуллозода ва хонандагони фаъолро дар сомонаи Pressa.tj пайгирӣ намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *