Кинотеатри «Ҷомӣ»-ро канданд.
Бинои кинотеатри панорамии ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ аз байн бурда мешавад.
Бино ба иттилои Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт ҷойи ин бино гулгашт хоҳад шуд. Кинотеатри «Ҷомӣ» 5 ноябри соли 1956 мавриди истифода қарор дода шуд. Чунин кинотеатр аз он пеш танҳо дар чор шаҳри шӯравии собиқ – Маскав, Ленинград, Киев ва Ростов мавҷуд будааст.
Соли 2005 бинои кинотеатр таъмир шуда, ба Кохи «Ҷомӣ» табдили ном кард ва асосан ба маҳалли баргузории консертҳо табдил ёфт.
Шарҳ