Марги асрорангези Кенҷабой Ҷӯраев

Вобаста ба марги асроромези сардори Раёсати кадрҳои Палатаи ҳисоб, полковники милиса Кенҷабой Ҷӯраев парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст. Ҷасади Кенҷабой Ҷӯраевро пас аз 6 рӯзи нопадид шуданаш аз теппаҳои атрофи Хоҷа Обигарми Варзоб ёфтанд.

Наздикони Кенҷабой Ҷӯраев гуфтаанд, ки ҷустуҷӯи чандрӯзаи онҳо бенатиҷа монд ва танҳо рӯзи 28 июл аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ онҳоро аз пайдо шудани ҷасад иттилоъ доданд ва даъваташон карданд, ки ба сардхонаи «Медгородок» омада ва ӯро шиносоӣ кунанд.

Ба гуфтаи наздикони Кенҷабой Ҷӯраев, вақте ҷасадро диданд, ранги пӯст аз гармии шадид дар як ҳафта сиёҳ шуда буд ва фақат аз либосаш тавонистанд, ки ӯро шиносанд.  Ҷасади Кенҷабой Ҷӯраев рӯзи 28 июл дар зодгоҳаш деҳаи Куми ноҳияи Айнӣ ба хок супорида шудааст. Кенҷабой Ҷӯраеви 40-сола тайи чанд соли ахир дар мақоми сардори Раёсати кадрҳои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон кор мекард. Қаблан ӯ дар мақоми сардори Шӯъбаи кор бо ҳайати шахсии Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифои вазифа намудааст. Ӯ чанд муддат дар Агентии  мубориза бо коррупсия низ фаъолият доштааст. Аз Кенҷабой Ҷӯраев чаҳор фарзанд боқӣ мондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *