Лайлатулқадр-2022. Амалҳои хайр ва мамнуъ дар Шаби қадр (аудио)

«Шаби қадр» — яъне шаби бузург ва боазамат (Лайлатулқадр) дар моҳи Рамазон фаро мерасад, ки ба се рӯзи тоқи даҳаи охири моҳи Рамазон рост меояд.

Лайлатулқадр шаби муҳимтарини сол барои мусулмонон аст, зеро маҳз ҳамин шаб Аллоҳ ба пайғамбар Муҳаммад (с) китоби Қуръонро нозил кардааст.

Шаби қадр, лайлатулқадр шаби муайяншавии тақдир аст, ки беҳтарин шаб барои ибодат дониста мешавад ва гӯё он шаб дуову ибодат зуд иҷобат мешавад.

Ғизои рамазонӣ: мусалмонон дар саросари ҷаҳон бо кадом хӯрок ифтор мекунанд — акс

Дар ин шаб Қуръони карим бар пайғамбар Муҳаммад (с) нозил шудааст. Шаби Қадр ба яке аз шабҳои тоқи даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон рост меояд.

Дар Қуръон баён гардидааст, ки он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар мебошад. Дар он шаб аввалин бор панҷ ояти сураи «Ал-Ҳақ» нозил шудааст.

Шаби Қадр (Лайлатулқадр) дар таълимоти дини Ислом аз муқаддастарин шабҳои нафақат моҳи шарифи Рамазон, балки тамоми сол шумурда мешавад. Дар Шаби қадр аксари мусалмонон то субҳ ба тоату ибодат нишаста, шабзиндадорӣ мекунанд. Ба эътиқоди онҳо, тоату ибодати шаби Қадр назар ба ҳар рӯзи дигари сол савоби ба маротиб бештар дорад.

Сайфиддин Суннатӣ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.