Лавров аз Амрико хостори тамдиди Паймони марбут ба силоҳҳои роҳбурдӣ шуд

 Вазири корҳои хориҷаӣ Русия Сергей Лавров ба Амрико пешниҳод кардааст, ки Паймони марбут ба силоҳҳои роҳбурди (New START) –ро  барои як соли дигар дароз кунад.

Сергей Лавров Вазири корҳои хориҷаӣ Русия рӯзи душанбе 29-уми декабр дар мусоҳибааш бо хабаргузории “РИА Новости” эълон кардааст, ки ин кишвар ба Амрико пешниҳод кардааст, ки Паймони марбудт ба силоҳҳои роҳбурдӣ (New START) –ро  то як соли дигар тамдид кунанд.

Паймони номбурдаро раҳбарони собиқи Амрикову Русия Обама ва Медведев соли 2010 имзо карда буданд.

Ин танҳо паймоне аст, ки дар чаҳорчӯби расмӣ барои назорати таслиҳоти ҳастаӣ миёни ду қудрати ҳастаӣ бузург мебошад.

Русия дар интизори посухи расмӣ  аз ҷониби Амрико  барои ин пешниҳод аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *