Мадина Қурбонзода соҳиби медали тилло гардид!
Мадина Қурбонзода дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон соҳиби медали тилло дар вазни 52кг гардидааст. Бояд қайд кард, ки-Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон -2025 аз 20 то23 ноябр дар Душанбе баргузор гардида истодааст.
Аз ин пеш Мадина Қурбонзода дар Ҷоми ҷудои Осиё миёни наврасон дар Тошканди Ӯзбекистон низ медали тилло ба даст оварда буд. Ёдовар мешавем, ки қаблан Мадина Қурбонзода дар мусобиқаи байналмилалии “Тоскулоҳи бузург” ё “Grand Slam” соҳиби медал гардида буд. Мадина аввалин духтари тоҷик аст, ки дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” ё “Grand Slam” соҳиби медал шуда буд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ