Масҷид ҳасту чойхона не. Чаро?
“На Востоке, на Востоке, что за жизнь без чайханы…». Сарояндаи машҳури ӯзбек Фаррух Зокиров бо ҳамин суруд шуҳратёр гардид ва ин суруд барои миллатҳои гуногун рамзи кишварҳои Шарқ аст. Воқеан, магар дар Шарқ зиндагӣ бе чойхона имкон дорад? Не! Пас чаро мо аз ин рамзи миллии хеш, аз фарҳанги чойхонадорӣ даст кашидем?
Боиси таассуф аст, ки чойхонаи миллии мо аҳамияти таърихии худро гум кардааст, ҷойи онро қаҳвахонаю тарабхонаҳо гирифтаанд. Яъне мо мардуми шарқӣ неву аврупоӣ шудаем?! Замони Шуравӣ дар боғҳои истироҳатию фароғатӣ ва атрофи бозорҳои шаҳрҳо чандин чойхонаҳо мавҷуд буданд, ки маҳали гирд омадани мардуми касбу кори гуногун ва мӯйсафедон буданд.
Агар ба таърих нигоҳ кунем, чойхона ҳамеша ҷузъи асосии зиндагии мардуми тоҷик буд. Дар чойхонаҳо асосан чой ва шириниҳои миллӣ – мисли ҳалвои лавз, ҳалвои кунҷидӣ, наботу парварда, нишаллою қаймоқ ва ғайра ба мизоҷон пешниҳод мешуд. Дар маҳалҳо ҳафтае як бор ва дар шаҳрҳо нисфирӯзӣ дар чойхонаҳо оши палов мепухтанд, ки ҳамагонро сарҷамъ мекард.
Аз замонҳои пеш ҳар шаҳр чойхонаҳои таърифӣ низ доштанд. Барои мисол дар шаҳри Душанбе чойхонаи “Роҳат”, дар шаҳри бостонии Истаравшан чойхонаи “Ҳавзи морон”, дар Хуҷанд чойхонаи “Мӯйсафедон”-и бозори Панҷшанбе ва ғайра. Хушбахтона, дар Хуҷанд ва Истаравшан ҳоло ҳам як-ду чойхона боқӣ мондаанд. Вале аз замони Шуравӣ шуруъ карда оҳиста-оҳиста ҷойи чойхонаҳоро ошхонаву тарабхонаҳо гирифтанд ва имрӯз чойхонаҳо тамоман аз байн рафтанд гӯем ҳам, иштибоҳ намекунем. Ошхонаву тарабхонаҳои шаҳрҳо бошад, аз як тараф барои суҳбат мувофиқ набошад, аз тарафи дигар мӯйсафедони нафақагир имкони даромадан ба онҳоро надоранд, зеро нафақаи онҳо ба хӯроки нисфирӯзӣ дар баъзе тарабхонаҳо намерасад.
Мӯйсафедон, нафақагирон бояд ба куҷо раванд, дар куҷо нишинанду суҳбат кунанд ва шоҳмотбозӣ карда, ғами дил бароранд? Имрӯз дар ҳар як маҳалла масҷид ҳаст, вале дар ягон маҳалла чойхона нест. Чаро? Дар сурати будани масҷид, он ҷойи ибодат аст, на суҳбат.
Шояд ин ҷо суол шавад, ки чойхона чӣ нақш бозида метавонад?
1. Барои мӯйсафедон ва бознишастагон маҳали ғубори дил баровардан ва вақт гузаронидан аст.
2. Вазъи замони имрӯзаро баррасӣ карда, ба ин васила аз воқеаву ҳодисаҳо огоҳ мешаванд ва ба набераву фарзандон маслиҳату машварат медиҳанд.
3. Ҳолати санитарӣ-беҳдоштии маҳалро муҳокима мекунанд. Фарзандону пайвандонро насиҳат карда, барои тозагии маҳал кумак мерасонанд.
4. Раисони маҳаллаҳо, масъулини шаҳру ноҳия бо мӯйсафедон вохӯриҳо карда, онҳоро ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб мекунанд. Яъне пирони рӯзгордида, зиёиёни бознишаста барои ободии маҳал ва тарбияи ҷамъият саҳм мегузоранд.
Бубинед, ин 4 ва дигар масъалаҳо сари як пиёла чой роҳи ҳалли худро меёбанд. Аз ин рӯ, мавҷуд будани чойхонаи маҳал ҳатмиву тақозои замон аст, зеро ин яке аз нишонаҳои фарҳанги шарқ мебошад.
Эркин КАМОЛЗОДА,
собиқадори меҳнат, сокини шаҳри Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ