Маскав: Ду ҷавони тоҷик бо иттиҳоми ҳамла ба ду корманди пулис боздошт шудаанд

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо шуд ва дар пайи он хабарҳо пахш гардиданд, ки ду ҷавон дар истгоҳи метрои “Тулская” дар маркази пойтахти Русия ба ду корманди пулис ҳамла кардаанд.

Баъан хабар дода шуд, ки дар шаҳри Маскав ин ду нафарро, ки аз онҳо зодагони Тоҷикистон — Саидакрам Ҳамроеви 22-сола ва Умар Расулҷонзодаи 18-сола ном бурда мешавад, дастгир кардаанд.

— Кумитаи тафтишоти Русия видеои лаҳзаҳои бозҷӯии онҳоро нашр кардааст. Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми зӯроварӣ нисбат ба намояндагони давлат ҳангоми иҷрои вазифаашон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ду ҷавони тоҷики дастгиршуда бар асоси моддаи 318-и Кодекси ҷиноятии Русия то 5 соли зиндон ва сипас ихроҷ таҳдид мекунад,- аз ҷумла омадааст дар хабарҳо.

Бино ба хабарҳо, шоми 17-уми феврал кормандони пулис дар истгоҳи “Тулская” Саидакрам Ҳамроевро барои тафтиши ҳуҷҷатҳояш манъ карда, ӯро ба ҳуҷраи пулис бурданӣ мешаванд. Вале он мард бо корманди пулис дастбагиребон мешавад. Аммо ӯро ба замин хобонидаву дастонашро ба пушт тоб медиҳанд. Дар ҳамин лаҳза, тавре дар сабт дида мешавад, як дӯсти муҳоҷири дастгиршуда ба кумаки ӯ шитофта, бо ҳарду пояш яке аз кормандони пулисро зада, аз пой меафтонад ва занозанӣ сар мешавад. Ин нафари дуюм, бино ба хабарҳо, Умар Расулҷонзода будааст. Расулҷонзода аз ҷои ҳодиса фирор мекунад, вале Ҳамроевро дастгир мекунанд. Ниҳоят, баъди муддате нафари фироркарда низ боздошт мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *