Меваҳои хушки Тоҷикистон дар намоишгоҳи Анталия
10 ширкати коркарди меваҳои хушк аз Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии GROWTECH/Antalya–2025 иштирок доранд. Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба Pressa.tj иттилоъ доданд, ин намоишгоҳ аз 18 то 21 ноябри соли равон дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мешавад.
Ширкатҳои ватанӣ дар қатори тақрибан 8000 иштирокчӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон маҳсулоти нави худро ба беш аз 150 000 нафар меҳмонон муаррифӣ хоҳанд кард. Ин платформа яке аз бонуфузтарин чорабиниҳои соҳаи саноати хӯрокворӣ ба ҳисоб рафта, барои густариши бозор ва ҷалби шарикони тиҷоратӣ имконияти муҳим медиҳад.
Ба гуфтаи масъулин, ширкатҳои тоҷикӣ дар заминаи муаррифии маҳсулоти рақобатпазир, баррасии ҳамкориҳо ва омӯзиши равандҳои нави рушди бозори ҷаҳонӣ имкониятҳои нав ба даст меоранд. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ин чорабинӣ ба тавсеаи иқтидори содиротӣ ва боло бурдани ҷойгоҳи маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ мусоидат мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ