Нархи гази моеъ дар Душанбе боло рафт
Дар шаҳри Душанбе чанд рӯзи охир нархи гази моеъ рӯ ба болоравӣ аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар аксари нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ гази моеъ дастнорас аст. Дар ҷойҳое, ки фурӯхта мешавад, қимати 1 литр ба 5,8 то 6,5 сомонӣ расидааст. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта он 4,2 сомонӣ арзиш дошт.
Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои об, сабаби асосии гароншавӣ коҳиши воридоти гази моеъ мебошад. Ин вазъ ба маҳдудиятҳои содиротии Қазоқистон вобаста аст. Дар асоси фармони иҷрокунандаи вазифаи вазири энергетикаи Қазоқистон, ки аз 14 ноябр мавриди амал қарор гирифт, содироти гази моеъ тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан ба муҳлати шаш моҳ манъ шудааст.
Гузашта аз ин, мақомоти тоҷик коҳиши ҳаҷми воридотро бо мушкилоти логистикӣ низ марбут медонанд. Аз ҷумла, дар зерсохтори роҳи оҳани Қазоқистон корҳои таъмирӣ идома доранд, ки ҳаракати на бештар аз 30 вагон дар як шабонарӯзро иҷозат медиҳанд.
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, болоравии нархи сӯзишворӣ одатан аз камчинӣ дар бозор сар мезанад. Ба иттилои ин ниҳод, масъала айни замон мавриди таҳлил қарор дорад.
Ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар нимсолаи аввали соли 2025 ба Тоҷикистон 176,9 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст. 18,5 ҳазор тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Зиёда аз 53%-и ин ҳаҷм аз Русия ва тақрибан 47% аз Қазоқистон ворид гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ