Модари ғамзада бо оҳу фиғон мегиряд…

ХУРДУ КАЛОН МЕГИРЯД

(Дар ёди шаш тан шаҳидони муҳоҷир, ки имрӯз тобутҳояшон ба Ватан оварда шуд)

З-ин азо дар ҳама ҷо хурду калон мегиряд,

Кӯҳи пуртоқату дарёи равон мегиряд,

Модари ғамзада бо оҳу фиғон мегиряд,

Дар танӯри ғами дил пораи нон мегиряд.

Ҷисми ин шаш нафари зор ба тобут омад,

Музлиму хаставу ночор ба тобут омад,

Ламъаи шамъи пуранвор ба тобут омад,

Чарх бар ҳоли мусибатзадагон мегиряд.

Андалебони чаман дар ғаматон нола кунанд,

Наварӯсон ба Ватан дар ғаматон нола кунанд,

Гулу сабза ба даман дар ғаматон нола кунанд,

Дили мотамзада бар нахли хазон мегиряд.

Идибеко, ту чаро азми сафар бинмудӣ?

Нуридин хеш ту аз даҳр бадар бинмудӣ,

Эй Саидакрами мо, дида ту тар бинмудӣ,

Дар азотон фалаку баҳри дамон мегиряд.

Эй Муҳаммад, ба фироқат дида пуроб шавад,

Қобило, модари ту бастаи гирдоб шавад,

Қосимо, зикри ту дар маҳфили аҳбоб шавад,

Осмон аз алами бегунаҳон мегиряд.

Сер нодида ҳаёти гузарон ҷон додед,

Дур аз модари зору нигарон ҷон додед,

Дар талошу ҳаваси пораи нон ҷон додед,

Тоҷикистон ба азои писарон мегиряд…

Исмоил Зарифӣ, шоир

НОМИ 6 МУҲОҶИРИ ТОҶИК, ДАР ВОЛГОГРАД ҲАЛОК ШУДАНД:

1. Саломов Идибек Мирзохуҷаевич – соли таваллудаш 4 апрели соли 1992;

2. Файзиддинов Нуридин Айнидинович – соли таваллудаш 4 марти 1985;

3. Кабутов Саидакрам Хусниддинович – соли таваллудаш 17 феврали соли 2000;

4. Муҳаммадҷони Раҳмоналӣ – соли таваллудаш 7 феврали 2000;

5. Файзиддинов Қобилҷон Комилҷонович – соли таваллудаш 13 марти соли 2001;

6. Файзиддинов Қосимҷон Комилҷонович – соли таваллудаш 4 июли соли 2002.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.