Нақшаи ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иҷро шуд
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварии пахта пурра иҷро шуд. То имрӯз, 21 октябр пахтакорони ноҳия 16 ҳазору 600 тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд.
Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҷумлаи 10-умин ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон ба шумор меравад, ки нақшаи ҷамъоварии пахтаро ба пуррагӣ иҷро намудааст. Ба иттилои масъулон, ин нишондиҳанда натиҷаи меҳнати софдилона ва истифодаи самараноки ҳар як рӯзи мусоиди тирамоҳ мебошад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафари корӣ ба ноҳия ташриф оварда, дар маросими ҳавасмандгардонии роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуд. Зимни чорабинӣ роҳбарони фаъол ва пахтакорони пешсаф бо туҳфаҳо ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Айни ҳол, нақшаи пахтачинӣ дар вилояти Хатлон ба андозаи 90 фоиз таъмин гардида, дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ ҷамъоварии ҳосил бо маром идома дорад.
Мақомоти маҳаллӣ изҳор медоранд, ки дар рӯзҳои наздик иҷрои пурраи нақшаи пахтачинӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои пахтапарвари вилоят таъмин хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ