Набераи Гандӣ аз курсии президентӣ даст кашид

Гопалкришна Гандӣ, набераи Маҳатма Гандӣ ва губернатори собиқи иёлати Бенгалияи Ғарбӣ пешниҳоди номзадӣ ба курсии раёсатҷумҳурии Ҳинд дар интихоботи қарибулвуқуъро рад кард.

Дар соли 2017 Гопалкришна Гандӣ номзад ба мақоми ноиби президенти Ҳиндустон буд, аммо дар раъйдиҳӣ аз тарафи ноиби президенти феълӣ Венкая Найд мағлуб шуд.

Қарор аст, ки кулли мухолифини Ҳинд дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ танҳо як номзад пешниҳод мекунанд ва он ҳам рӯзи сешанбеи 21-уми июн интихобу эълон хоҳад шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.