Намоиши осори асрисангии Тоҷикистон дар Душанбе
Дар Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ намоишгоҳи осори асри санг, ки аз бошишгоҳҳои Кӯлдара, Лоҳутӣ, Хонақо ва Оби Мазори ноҳияи Ховалинг ва Қаратоғи ноҳияи Ёвон ёфт шудаанд, баргузор гардид. Дар ин бора Академияи миллии илмҳои кишвар хабар медиҳад.
Дар намоишгоҳ олимони Пажуҳишгоҳи ҷуғрофиёи АИ Русия, Пажуҳишгоҳи бостоншиносӣ ва мардумшиносии шаҳри Новосибирски Русия, Донишгоҳи техникии Дания, Донишгоҳи давлатии Гургени Эрон ва Донишгоҳи Нанкини Чин иштирок варзиданд.
Зимни намоиш бори дигар таъкид гардид, ки бошишгоҳҳои давраи палеолити зардхок — Кӯлдара, Лоҳутӣ, Оби Мазор ва Хонақои ноҳияи Ховалинг қадимтарин шаҳракҳои мардуми ибтидоӣ дар Осиёи Миёна мебошанд.
Ба гуфтаи коршиносон, натоиҷи ҳафриёт фарзияеро тақвият медиҳад, ки ин бошишгоҳҳо дар яке аз қадимтарин масирҳои густариши мардуми ибтидоӣ ҷойгир шудаанд.
Ҳадафи аслии намоишгоҳ муаррифии бозёфтҳои асри санг, бахусус давраи палеолит, ҷалби олимони хориҷӣ ба омӯзиши ин ёдгориҳо ва таҳкими ҳамкориҳо дар омӯзиши бошишгоҳҳои асри санги кишвар мебошад.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 то 30-юми май мутахассисони Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш ҳамроҳ бо олимони Пажуҳишгоҳи ҷуғрофиёи АИ Русия, Донишгоҳи техникии Дания, Пажуҳишгоҳи бостоншиносӣ ва мардумшиносии шаҳри Русия ва Донишгоҳи Нанкини Чин барои омӯзиши таърихи давраи асри санги Тоҷикистон корҳои ҳафриётӣ анҷом медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ