Нурҷаҳон Исмоилзода муовини шаҳрдори Душанбе таъин шуд
Нурҷаҳон Исмоилзода муовини нави Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе таъин гардидааст. Иттилоъ додааст “Азия-Плюс”.
Исмоилзода то ин дам ба ҳайси муовини якуми раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ буд ва қаблан дар вазифаҳои директори иҷроияи ширкати “Вавилон” ва роҳбари идораи “Рекламаи берунӣ ва ороиш”-и шаҳри Душанбе адои вазифа кардааст.
Ин қарор аз ҷониби шаҳрдори Душанбе имрӯз 8-уми декабр, имзо шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ