“Нурафшо” дар Кӯлоб: Акнун сокинон барои ташхис ба Душанбе намераванд
Дар маҳаллаи Борбад 35-и шаҳри Кӯлоб Маркази ташхисию табобатии “Нурафшо” мавриди истифода қарор дода шуд.
Бино ба иттилои бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб, дар маросими ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатии “Нурафшо” Саъдӣ Қодирзода – раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сулаймонзода Акрам Раҳим – муовини раиси вилояти Хатлон, Назарзода Бахтиёр Худоёр – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб ва дигар меҳмонон иштирок намудаанд.
Гуфта мешавад, ки маркази мазкур бо ибтикори соҳибкори ватанӣ Тағоймурод Мирзоев бунёд гардида, дар қатори мутахассисони варзидаи тиб, инчунин 8 нафар ҷавонони кордон баъди хатми Донишгоҳи тиббӣ соҳиби ҷойи кор шудаанд.
– Маврид ба ёдоварист, ки қаблан сокинони шаҳри Кӯлоб барои ташхис ба шаҳри Душанбе мерафтанд ва инак, баъди ифтитоҳи ин марказ сокинони шаҳру навоҳии минтақа метавонанд аз хизматрасонии он истифода намоянд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ