Нурмуҳаммад Амиршоҳиро ба нафақа гусел карданд

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, таърихнигори шинохтаи кишвар ва сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик имрӯз, 1-уми декабр ба нафақа гусел карда шуд.

Ба иттилои Энсклопедияи миллии кишвар ба ҷои Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ бо фармони вазири фарҳанг Саидҷалол Ҳусайнӣ, таърихшинос ва номзади илмҳои таърих сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик таъйин гардидааст.

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, аз соли 2012 дар ин вазифа кор мекард. Ӯ номзади илмҳои таърих, барандаи ҷоизаи байналмилалии Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ ва Корманди шоистаи Тоҷикистон аст.

 Саидҷалол Ҳусайнӣ, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (2005). Коромӯзи кафедраи таърихи наву навтарин (2005‒2006), аспирант (2006‒2010), ассистенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ (2012‒2013), муҳаррири пешбари редаксияи таърих, фалсафа, дин ва ҳуқуқ (2013‒2016), мудири редаксияи таърихи СИЭМТ (аз 2016).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *