Омӯзгорон аз хизмати ҳарбӣ озод мешаванд
Дар Тоҷикистон ба Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйирот ворид шуд. Мувофиқи он минбаъд омӯзгорон аз хизмати ҳарбӣ пурра озод ҳастанд. Тағйирот ба қонуни мазкурро вакилони Парлумони Тоҷикистон пазируфтанд.
Ҳомид Ҳошимзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар ҷаласаи парлумон тағйирот ба қонунро муаррифӣ карда, зикр кард, ки он бо мақсади баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва бартараф намудани норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ ворид карда шудааст.
Дар қисми 2-и банди 4-и моддаи 31- уми Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” калимаҳои “умумии деҳот” ба калимаи “умумӣ” иваз карда шудааст. Пас аз қувваи қонунӣ гирифтани тағйирот ба қонун, имтиёз барои ҳамаи омӯзгорон, новобаста аз ҷойи кор татбиқ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ