Президентҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо ҷоизаи сулҳ қадрдонӣ шуданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов барандагони Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой дар соли 2025 эълон гардиданд.

Созишномаҳои таърихӣ дар сарҳади се кишвар

Бо қарори ҳайати доварон роҳбарони се кишвар барои саҳми намоён дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо ин мукофоти баланд қадрдонӣ шуданд.

Раиси ҳайати доварон, роҳбари бадеӣ ва мудири кулли Театри Мариинский ва Театри калони Русия Валерий Гергиев изҳор дошт, ки қарор якдилона қабул гардид. Ба ҳайати байналмилалии доварон сиёсатмадорон ва намояндагони ҷомеаи кишварҳои Аргентина, Беларус, Ҳиндустон, Чин, Русия, Фаронса, Африқои Ҷанубӣ ва Ҷопон шомиланд. Кумитаи тадорукоти ҷоиза ёдовар шудааст, ки 31-уми март миёни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон созишнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатӣ ба имзо расид. Ин санади таърихӣ ҳамроҳ бо Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳои се кишвари Осиёи Марказӣ – Эмомалӣ Раҳмон, Содир Ҷабборов ва Шавкат Мирзиёев имзо шуда, расмиёти ҳуқуқии муайянсозии сарҳадҳои умумиро комилан анҷом дод.

Дар ҳамин рӯз, яъне 31-уми марти соли 2025 дар фазои тантанавӣ дар нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар стелаи рамзӣ ифтитоҳ гардид, ки рамзи дӯстӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Комиссияи Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой дар соли 2025

Сулҳ ва дар бораи ҷоиза

“Раҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар таъмини амнияти умумӣ ва таҳкими ҳамкории байни халқҳо саҳми арзанда гузоштанд”,- таъкид менамояд кумитаи тадорукоти ин ҷоизаи байналмилалӣ.

Инчунин, дар маросими ҷоизасупорӣ Пиер де Голл, набераи Шарл де Голл суханронӣ намуда, нуфузи рӯзафзуни ҷоиза ва нақши Русияро дар мусоидат ба сулҳу субот зикр кардааст.

Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой 22-юми июни соли 2022 аз ҷониби Ҷамъияти таърихии Русия, Бунёди сулҳи Русия ва Ҷамъияти таърихи низомии Русия таъсис ёфтааст. Ҳадафи он қадрдонӣ аз шахсиятҳоест, ки бо амалҳои худ дар роҳи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва субот саҳми назаррас мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки маросими супоридани ҷоиза соли 2025 дар Маскав, ба муносибати рӯзи таваллуди нависанда ва файласуфи барҷастаи рус Лев Толстой баргузор шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *