Пули бе дарди миён. Аз ҳиллаи қаллобон то машварати мутахассисон

Парвиз дар бозор ба тиҷорат машғул аст. Ӯ нақл кард, ки рӯзе як ношинос дар мессенҷери “Фейсбук” навишт, ки барояш 1 миллион доллар фиристоданист. Аммо намедонад, ки онро чӣ гуна интиқол диҳад…

1 миллиони қаллоб барои тиҷорат

Барои ин, шахси ношинос аз Парвиз хоҳиш менамояд, ки корти бонкиро сурат гирифта, барояш фиристад. Зимнан, ваъда медиҳад, ки баъди интиқоли пул ҳатман ба Душанбе меояд ва дар пешрафти тиҷораташ кумак хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, Парвиз ба ношинос мегӯяд, ки корт бо рақами телефонаш пайваст аст, агар пул интиқол додан мехоҳад, тариқи рақами телефон фиристад. “Ба рақами телефонам рамз омад. Дар идомаи рамз навиштаи “Некому его не передавайте!” таъкид мешуд. Он нафар исрор мекард, ки рамзро барояш дастрас намоям, вале дарк кардам, ки ҳадафи ин нафар дигар аст. Ӯ мехоҳад аз корти ман пул берун кашад. Ба он нафар гуфтам, ки таҷрибаи кор бо низоми бонкиро дорам ва дастрас кардани рамз ба шахси сеюм мумкин нест. Баъд аз ин  ӯ пай бурд, ки маро ба доми худ афтонида наметавонад, суҳбатро қатъ кард”, — ёдовар шуд Парвиз.

Парвиз ба истифодабарандагони шабакаи интернет машварат медиҳад, ки зимни хариду фурӯш тариқи сомонаҳо эҳтиёткор бошанд, то ба макри қаллобон наафтанд.

Ҳолати Парвиз бо Моҳрухсор Сатторова ҳам рух додааст. “Бо ману дугонаям низ чунин холат рух дода буд. Хушбахтона, кортамон як сомонӣ ҳам надошт”,- мегӯяд ӯ.  

Ба назар мерасад, ки ҳоло ин гуна қаллобон зиёд шудаанд. Махсусан, муҳоҷирон мегӯянд, ки дар Русия занг мезананд, ки шумо фалон чиз бурд кардед, ба телефонатон рамзи чоррақама меояд, ҳамонро гӯед, мо пулро ба суратҳисобатон мегузаронем.

Як қадам то ба доми қаллоб

Ёқуб Ҳалимов фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Ӯ низ чӣ гуна ба доми қаллобе афтоданашро чунин нақл кард:

— Интизори дӯсте дар қаҳвахонае будам, ки яке аз пайвандон занг заду нахуст хеле гилагузорӣ кард, ки аз ҳолаш хабар намегирам. Дар поёни гилагузориҳояш гуфт, ки дастгоҳеро тариқи интернет ба фурӯш гузоштааст ва харидоре аз шаҳри Хуҷанд занг задаву мехоҳад онро бихарад. Фақат намедонад, ки маблағро чӣ гуна ирсол кунад. Пайвандамон аз ман хоҳиш кард, ки оё имкон дорад он харидор маблағро ба суратҳисоби корти бонкии ман интиқол диҳад? Бе ҳеч дудилагӣ ризоият додам. Баъд аз чанд дақиқаи дигар рақами +79053072489 занг зад. Аз он тараф марде бо садои нарм ва итминонбахшу қотеъ, ки камтарин шубҳаро барои қаллоб буданаш боқӣ намегузошт, бо русӣ ба гап даромад. Бидуни муқаддима пурсид, ки замимаи мобилии кадом бонкро дорам: Душанбе-ситӣ ё Алиф-мобӣ? Ва замима ба кадом рақам пайваст аст? Мани содаи аз дунё бехабар ҳамаи маълумотро гуфтам. Ва ҳамин лаҳза дӯсте, ки дар интизораш будам, аз роҳ расид. Гӯшам ба телефон, ҳушам ба дӯсти аз роҳ расида, фармони чой додем. Мехостам суҳбати телефониро тезтар қатъ кунам. Аммо аз он тарафи гӯшӣ марди рус бо ҳар баҳонае гуфтугӯро кашол медод: «Ман ҳоло қисме аз маблағро ба суратҳисоби шумо интиқол медиҳам, ҳоло ба телефони шумо рамзе меояд, онро ба касе нагӯед, фақат ба ман рақамҳоро гӯед, ман маблағро интиқол медиҳам, оё паёме омад ба телефон?».

Посух додам, ки ҳанӯз паёме нест ва ҳам ваъда додам, ки дертар тамос мегирам. Илтимосу илтиҷо мекард, ки чанд сонияи дигар паёмро интизор шаваму якбора рамзро гӯям ва ба ҳамин корро тамом кунем. Бо вуҷуди борҳо нақли ин шеваи қаллобиро шунидан ҳанӯз дарк накарда будам, ки бо як қаллоб гуфтугӯ дорам.

Хотир ва эҳтироми дӯсти аз роҳ расида намегузошт, ки ҳатто як сонияи дигар суҳбати телефониро давом диҳам ва лоилоҷ гуфтугӯро қатъ кардам. Ва ҳамин лаҳза паёмак расид, ки дохилаш рамз буд. Ваҳ! Акнун дарк кардам, ки рамзро ба он ҳамсуҳбати қаллоби бераҳми беинсоф гуфтан ҳамон буду аз чанд тангаи дар корти бонкӣ доштаам маҳрум шудан ҳамон!

Ҳоло фикр мекунам, ки чӣ чиз сипаре байни ману он қаллоб шуд, ки нохудогоҳ гуфтугӯро қатъ кардам ва рамзро ба ӯ нагуфтам: ба вақт аз роҳ расидани дӯст, суръати кунди хадамоти ширкатҳои мобилӣ, ки паёмакро чанд сония дертар ирсол карданд ё дахолати моваротабиӣ? Ман ба таври муъҷизавӣ аз ин дом раҳидам, аммо шумо ҳам зиракиро аз даст надиҳед ва қаллобро аз «бисмиллоҳаш» бишносед.

Аз қаллобӣ то машварати мутахассиси бонк

Баъзан муштариён кортро ҳам гум мекунанд ё рақами махфиро фаромӯш мекунанд. Пас, дар ин ҳолат онҳо чӣ кор кунанд? Дар посух ба ин суол ва чӣ гуна эмин мондан аз ҳар гуна хавфҳо Шуҳрат Холиқов, мутахассисси бонк  чунин гуфт:

Пеш аз ҳама, корт бехавф аст. Вақте ки ҳамён аз кисаатон гум шуд, дигар пайдо карда наметавонед, аммо агар корт гум шавад, пул дар суратҳисоб мемонад. Аммо мизоҷон набояд бепарво бошанд ва рақами махфиро бо корт якҷоя нигоҳ доранд. Мизоҷ бояд ба хизматрасонии смс — паём пайваст бошад, то аз амалиётҳои гузаронидашуда бохабар бошад. Вақте ки корт гум мешавад, тавассути смс — паём метавонад амалиёти корташро қатъ намояд. Ё тавассути маркази тамоси бонк амалиёти корташро боздорад. Баъдан метавонад ба бонк омада, корт ё рамзи махфиро барқарор намояд. Аммо боз ҳоло баъзан тавассути ҳар гуна сайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ қаллобоне пайдо шудаанд, ки аз мизоҷ маълумот мегиранд. Масалан, мегӯянд, ки рақами кортро сурат гирифта, барояшон фиристанд. Боз CVV код ва коди тавассути смс ба телефон омадаро пурсида мегиранд. Дар ин ҳолат мизоҷон набояд ба гапи чунин қаллобон дода шаванд.

Ҳушдори бонкҳо

Зиёд шудани қаллобон, ки бо ҳар роҳ мехоҳанд ақли мардумро дузданд, бонкҳоро низ нигарон кардааст. Ҳоло дар ростои авомфиребии қаллобон, мушоҳида менамоем, ки бонкҳо ба хотири эмин мондан аз ҳар гуна хавфҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ постҳои огоҳкунанда мегузоранд. Ҳатто, метавонем, ки чанд намунаи онҳоро ба хонанда гӯшрас намоем.

Ташкилоти молиявии “Ҳумо” таҳти унвони “Аз қаллобон эҳтиёт бошед!” дар мавриди истифода аз корти бонкӣ менависад, ки “Маълумоти корти худро махфӣ нигоҳ доред: муҳлати корт, пин-код ва рақами верификатсионии (СVV) корт”. Дар мавриди интиқоли маблағҳо бошад, бонк ба мизоҷон ҳушдор медиҳад, ки “вақти интиқол намудани маблағ рамзи тасдиқкунандаи онро ба шахсони сеюм нарасонед”.

Ба ҳамин монанд, ташкилоти молиявии “Арванд” ҳам мегӯяд, ки смс-рамзҳо ва маълумоти шахсии худро ба хеҷ кас нагӯед! “Вақтҳои охир аз тарафи қаллобон зангҳо бисёр шуда истодаанд. Онҳо аз номи хешовандон ва наздикони шумо гап зада, аз шумо барои интиқол додани маблағ СМС-рамзро талаб менамоянд. Огоҳ бошед, барои ба шумо фиристодани маблағ СМС-рамз лозим нест!”,- чунин омадааст дар саҳифаи бонк.

Роҳҳои ба доми қаллобон наафтодан кадомҳоянд?

Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳое, ки аз кортҳои бонкӣ маблағҳои пулиро тасарруф мекунанд, афзудааст. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, вақтҳои охир аз ҷониби шахсони номаълум теъдоди содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ бо роҳи тасарруфи маблағҳои пулӣ аз кортҳои бонкии ҶСП «Душанбе Сити Бонк» зиёд шудааст. Вазорат шаҳрвандонро огоҳ менамояд, ки сабаби тасарруф гардидани маблағҳои пулӣ — ин нодуруст истифода намудани кортҳои бонкӣ аз ҷониби мизоҷон ва ба шахсони ношинос пешниҳод кардани рақами корти бонкӣ ва рамзи махфӣ мебошад.

«Бинобар ин, аз шаҳрвандон ва мизоҷони бонкҳо хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати наафтодан ба доми қаллобон аз додани рақамҳои корти бонкӣ ва рамзи махфӣ ба шахсони ношинос ва тасодуфӣ худдорӣ намоед»,- гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД.

Дорандагони кортҳои бонкӣ бояд дар хотир дошта бошанд, ки маълумот дар бораи корти худро, аз ҷумла ба хешовандон, шиносҳо ва шахсоне, ки барои кумак ташаббус нишон додаанд, ифшо кардан мумкин нест. Рақами мушаххаси шахсӣ бояд аз корт алоҳида нигоҳ дошта шавад.

Ба андешаи мутахассисони бонк, қаллобон усулҳои зиёдеро истифода мебаранд ва мехоҳанд пули бе дарди миёнро ба даст оранд. Барои бехатарӣ харидро тариқи интернет танҳо тавассути сайтҳои боэътимод анҷом додан лозим аст. Инчунин, мардум ҳеҷ гоҳ бевосита ба пайванди эълонҳои таблиғӣ клик накунанд. Бисёре аз хакерҳо барои ҷалби истеъмолкунандагон ва дуздии маълумоти онҳо ҳамлаҳои фишингиро истифода мебаранд. Амалиёти корти кредитии худро ҳар рӯз тафтиш кунанд ва хароҷотро бодиққат омӯзанд. Ҳамчунин, ба пайванд ва саҳифаи шахсони ношинос ва шубҳанок дар Ватсап, Вайбер, Телеграм ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ворид нашаванд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ”. Зудбоварӣ, хабарро носанҷидаву кӯркӯрона амал кардан теша бе решаи худ задан аст.

Усмон РАҲИМЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.