Путин Назарбоевро ба муносибати зодрӯзаш табрик гуфт

Президенти Русия Владимир Путин нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро ба муносибати зодрӯзаш табрик гуфт. Дар ин бора сомонаи раҳбари собиқи Қазоқистон хабар додааст.

Путин ба Назарбоев барқия фиристодааст, ки дар он «пайванди ногусастании байни муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи муосири Қазоқистон ва номи Нурсултон Назарбоев”-ро қайд кардааст. Раҳбари Русия ҳамчунин нақши президенти собиқи Қазоқистонро дар татбиқи ташаббусҳои ҳамгироӣ таъкид намудааст.

Раҳбари Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Белорус Александр Лукашенко, президенти Қирғизистон Садир Ҷапаров низ Назарбоевро ба муносибати зодрӯзаш табрик гуфтаанд.

Бояд гуфт, ки собиқ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба синни 82-солагӣ расид.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.