Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркия
28-уми декабр дар шаҳри Анқара Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркия баргузор гардид. Дар ин хусус Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ ин чорабинӣ бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Туркия ва бо ҳамкории донишҷӯёни тоҷикӣ шаҳри Анқара ташкил шудааст.
Барномаи ҳамоиши фарҳангии Тоҷикистон аз бахшҳои гуногун иборат буда, аз ҷумла қироати шеърҳои классикӣ, шоҳномахонӣ, иҷрои мусиқиҳои суннатии тоҷикӣ ва намоишҳои театриро дар бар гирифт. Ҳама барномаҳо аз ҷониби донишҷӯён бо маҳорати баланд ва сатҳи касбӣ пешкаш гардида, фарҳанг ва мероси ғании миллати тоҷикро ба таври шоиста муаррифӣ намуданд.
Инчунин дар намоишгоҳ гӯшаи миллии фарҳангии Тоҷикистон ташкил шуда буд, ки бо китобҳои арзишманди тоҷикӣ, либосҳои миллӣ, мусаввараҳо ва намунаҳои ҳунарҳои мардумиро ба маърази тамошо гузоштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ