Рустами Эмомалӣ натиҷагирии рушди пойтахт дар соли 2025  ва вазифаҳои нав барои соли 2026 баррасӣ кард

Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум,  бо роҳбарии шаҳрдори Душанбе ва инчунин Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни иҷлосия натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии пойтахт дар ёздаҳ моҳи соли 2025 ҷамъбаст ва вазифаҳо барои соли 2026 баррасӣ гардиданд.

Шаҳрдори Душабе Рустами Эмомалӣ ба масъулини сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ва ҳодисаҳои сухтор, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва риояи одоби шаҳрдорӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар рафти иҷлосия Рустами Эмомалӣ бобати тарғиби фарҳанги миллӣ, хосатан либоси миллӣ таъкид карданд, ки “Агар забони миллат яке аз ҷузъҳои асосии ҳувият ва ҳастии ҳар миллат бошад, пас либоси миллӣ ҷузъи дигари муҳими он маҳсуб меёбад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *