Раиси Ҷайҳун ҳам иваз шуд
Абдулҳафиз Одиназода аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷайҳун озод шудааст. Ба ҷойи ӯ, Азизулло Ализод, раиси ноҳияи Ҷайҳун таъин шудааст.
Абдулҳафиз Одиназода аз марти соли 2020 дар мансаби раиси ноҳияи Ҷайҳун фаъолият мекард. Ҳоло ба вазифаи дигаре таъин шудааст ё не, маълум нест
Азизулло Ализод то ин замон муовини аввали раиси ноҳияи Кӯшониён буд. Як замон раиси Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Кӯшониён кор кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ