Раиси Амонатбонк: Сипос ба “Тоҷикистон”, Pressa.tj ва мардуми азизи Тоҷикистон!

Дипломи “Бонкири сол” дар заминаи “Рейтинг -2021”, ки сомонаи Pressa.tj ва ҳафтаномаи “Тоҷикистон” баргузор карданд, ба Сироҷиддин Икромӣ, раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” тақдим карда шуд.

Диплом ва туҳфаҳои хотиравиро ба Бонкири сол Сироҷиддин Икромӣ намоянда аз нашрияи “Тоҷикистон” ва Pressa.tj Усмон Раҳимзода тақдим намуд. Ӯ зимни супоридани диплом таъкид дошт: “Соли 5-ум аст, ки ҳафтаномаи “Тоҷикистон” рейтинги шахсиятҳоро баргузор ва дар заминаи пурсиши хонандагон муайян мекунад. Имсол нашрия тариқи сомонаи Pressa.tj чунин пурсишро роҳандозӣ намуд, ки он аз 15-ум то 31-уми декабри соли 2021 идома ёфт. Давоми ин ду ҳафта афкори мардум дар бораи раисон, вазирон, соҳибкорон, бонкирҳо, сарояндагон, блогерҳо ва умуман ашхоси маъруфи ҷомеа пурсида шуд. Дар натиҷаи раъйи бештари мардум раиси «Амонатбонк» Бонкири сол эълон шуд”.

Дар навбати худ Сироҷиддин Икромӣ, раиси «Амонатбонк» ба онҳое, ки бо бонки мазкур ҳамкорӣ ва эътимод доранд ва ба ҷонибдории роҳбарияти он овоз доданд, изҳори сипос намуда, изҳор дошт: “Ин дипломи Бонкири сол ва раъйи мардум масъулияти моро ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти бонк, боз ҳам боло бурдани нуфузи бонк бештар мекунад. Рости гап, вақте ки дар сафари хизматӣ берун аз Тоҷикистон будам, аз иқдоми сомонаи Pressa.tj хабар ёфтам. Бори дигар сипос ба нашрияи “Тоҷикистон”, сомонаи Pressa.tj ва мардуми азизи Тоҷикистон. «Амонатбонк» бонки мардумӣ аст ва ҳамеша дар хизмати мардум хоҳад монд”.

Ёдовар мешавем, ки дар майдони рақобати номинатсияи “Бонкири сол” раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ, ҳаммуассиси “Алиф Бонк” Абдулло Қурбонов ва раиси Шӯрои нозирони ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» Илҳом Абдуллоев рақобат доштанд.

Дар шарҳҳо хонандагон менавиштанд, ки Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» мардумӣ буд, вале дар замони раисии Сироҷиддин Икромӣ боз ҳам мардумитар шуд. Абдулло Қурбонов бошад, аслан барои он сазовори тавсиф гардид, ки моҳи майи соли 2021 шумораи мизоҷони фаъоли “Алиф Бонк” ба 500 000 нафар расид. Раиси Шӯрои нозирони ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» Илҳом Абдуллоев ба хотири саҳми назаррасаш дар ворид намудани дигаргуниҳо дар фаъолияти ин ташкилоти хурди қарзии пешқадам мавриди шарҳу баҳогузориҳои мусбати респондентҳо қарор гирифт.

Дар умум, дар “Рейтинг – 2021” раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ соҳиби 10196 овоз, ҳаммуассиси “Алиф Бонк” Абдулло Қурбонов — 4874 овоз ва раиси Шӯрои нозирони ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» Илҳом Абдуллоев соҳиби 942 овоз гардида, Сироҷиддин Икромӣ ғолиб дониста шуд.

P. S. Суҳбати муфассалро бо раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ дар шумораи ояндаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.