Рейтинг 2022

Рейтинг-2022: 10 чеҳраи сол. Кистанд онҳо?

Рейтинги ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj ҷамъбаст ва чеҳраҳои соли 2022 муайян гардиданд.

Ҳамин тавр, дар номинатсияи «Вазири сол» Раҳим Саидзода, вазири  маориф ва илми Тоҷикистон, “Раиси сол” — Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд, “Бонкири сол” — Ҳасан Асадуллозода, раиси Раёсати ҶСК “Ориёнбонк”, “Ректори сол” — Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, “Соҳибкори сол” — Нуршед Машрабов, директори “Корвон сити”, “Адиби сол” — Рустам Ваҳҳобзода, “Варзишгари сол” — Нурулло Алиев, “Блогери сол” — Фаридун Сафаров (Фавик), “Сарояндаи сол” – Мадина Акназарова, “Ҳунарманди сол” – Қурбони Собир бо гирифтани овози бештар чеҳраи сол гардиданд.

Овоздиҳӣ тариқи сомонаи Pressa.tj аз 14 то 30-юми декабри соли 2022, соати 12:00 идома ёфт.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj ҳамасола барои дарёфти чеҳраҳои сол аз рӯи 10 номинатсия пурсиш мегузаронанд. Ҳадаф аз он муайян кардани раисон, вазирон, соҳибкорон, бонкирҳо, сарояндагон, блогерҳо, адибон, ректорҳо, ҳунармандон мебошад, ки дар тӯли сол соҳиби дастовардҳо шудаанд. Моҳи ноябри имсол ҳафтаномаи “Тоҷикистон” миёни 800 респондент пурсиш гузаронд, ки дар натиҷа аз ҳар номинатсия даҳнафарӣ ашхоси муваффақ дониста шуданд.

Баъдан, барои интихоби ягона аз даҳгона дар сомонаи Pressa.tj овоздиҳии онлайнӣ сурат гирифт. Шаҳрвандони кишвар имкон доштанд, ки бо роҳи овоздиҳӣ аз ҳар номинатсия як нафарро интихоб кунанд. Шахсоне, ки аз ҳар номинатсия (аз ҳар номинатсия 1-нафарӣ) аз ҳама зиёд овоз гирифтанд, чеҳраи сол шинохта шуданд. Аз як IP ҳуқуқи дар ҳар номинатсия ба тарафдории як нафар овоз додан буд. Ғолиб ҳамоне дониста мешавад, ки дар номинатсияи худаш аз ҳама бештар овоз мегирад. Чеҳраҳое, ки соли гузашта рейтингашон муайян ва соҳиби дипломи махсуси ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj гардиданд, имсол ба рӯйхат ворид карда нашуданд.

Ғолибони “Рейтинг-2022” баргузидагони мардуманд ва бо Дипломи махсуси ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мукофотонида мешаванд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.