Ректори ДБСС Тоҷикистон ва ректори ДДИ Урал дурнамои ҳамкориро баррасӣ намуданд
22 апрели соли равон дар ҳошияи Форуми XV иқтисодии ҷавонони Авруосиё, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал Яков Петрович Силин мулоқот анҷом доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориҳоро мавриди муҳокима қарор дода, ҷиҳати густариши робитаҳои илмӣ ва таълимӣ ба мувофиқа расиданд. Аз ҷумла, самтҳои зерин ҳамчун афзалиятҳои ҳамкории дуҷониба муайян гардиданд:
- Ташкили барномаи табодули академии донишҷӯён;
- Даъвати устодону мутахассисони ду ҷониб;
- Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ;
- Роҳандозии барномаҳои таҳсилоти муштарак ва дудиплома;
- Баргузории ҳамоишу конфронсҳои байналмилалӣ дар соли 2025.
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки дар асоси созишномаҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнидавлатӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ хоҳанд монд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ