Ректори ДМТ ноиби Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё интихоб шуд

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар Анҷумани 15-уми Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё, ки дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов баргузор гардид, иштирок кард.

Ҳамчунин, дар ин Анҷуман роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии бонуфуз аз давлатҳои АвруОсиё ширкат варзидаанд.

Дар қисмати аввали Анҷуман қабули аъзоҳои нав ба Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё сурат гирифт. Зумрае аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва истифодаи таҷрибаи пешқадам ба Ассотсиатсияи мазкур шомил гардиданд.

Дар ифтитоҳи Анҷуман ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар робита ба самтҳои гуногуни илмию таълимӣ ва саҳми Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё дар рушди ҳамаҷонибаи донишгоҳҳои ҳамкор суханронӣ намуд. Зимнан таъкид шуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ рушд бахши ҳамкориҳо дар самти табодули устодону донишҷӯён, ташкили ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам дар самти илму истеҳсолот ва навоварӣ, ба роҳ мондани низоми таълими 2+2, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ ва лоиҳаҳои таҳқиқотӣ, ташкили ҳамоишҳои эҷодӣ — таҳқиқотӣ миёни ҷавонон, омода намудани мақолаҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳо дар низоми аспирантураву магистратура дар шакли 1+1 талаботи замони муосир мебошад.

Дар қисми дуюми Анҷумани 15-уми Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё дастовардҳои Донишгоҳи миллӣ дар самти таълим, илм, тарбия, муносибатҳои байналхалқӣ, ташкили кор, усулҳои идоракунӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ муаррифӣ гардид.

Дар натиҷаи овоздиҳӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба ҳайси ноиби Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё интихоб шуд.

Инчунин, дар ҳошияи баргузории Анҷумани мазкур дар самти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи аъзои Ассотсиатсия ёддоштҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Аз ҷумла, ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ректори Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов Садовничий Витор Антонович вохӯрӣ намуда, дар робита ба самтҳои мухталиф табодули афкор намуданд. Дар зимн миёни ДМТ ва Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов бо мақсади рушди ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадам созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки  ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 326 муассисаи илмию таълимӣ ва таҳқиқотии хориҷи кишвар равобити судманд дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *