футбол

Резаахбор: Аз Бозиҳои олимпӣ-2024 то вазифаи Муъминов

Қуръакашии марҳилаи аввали мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпӣ-2024 миёни бонувони футболбоз маълум кард, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гуруҳи «Е» қарор гирифта, бо тимҳои Филиппин, Ҳонконг ва Покистон бозӣ хоҳад кард. Дар марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии соли 2024-ум 26 дастаи занона ба ҳафт гуруҳ тақсим мешаванд: панҷ гуруҳ иборат аз чор даста ва ду гуруҳ иборат аз се даста. Бозиҳои ин марҳила аз 3 то 11-уми апрел баргузор мешаванд.

***

Бозии Суперҷоми футболи Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кўлоб рўзи 6-уми май дар варзишгоҳи «20-солагии истиқлоли Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Дар ин бора Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҷаласа қарор қабул кард. Дар ин ҷаласа Варзишгоҳи марказии шаҳри Кўлоб макони баргузории бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 тасдиқ шуд.

***

Тоҳир Муъминов сармурабии клуби футболи “Равшан”-и шаҳри Кўлоб таъйин шудааст. Дар ин бора мудири клуб Мираҳмадов хабар додааст. Муъминов дар ин вазифа Зайниддин Раҳимовро иваз кард. То ин вақт Муъминов сармураббии дастаи «Кўктош»-и Рўдакӣ буд, ки дастаро аз Лигаи якум ба Лигаи олӣ баровард. Айни ҳол маълум нест, ки Муъминовро дар “Кўктош” кӣ иваз мекунад.

***

13-уми январ варзишгари тоҷик Меҳроҷ Камолов дар Чемпионати кушоди ҷиу-ҷитсу, ки дар шаҳри Гуанчжои Чин баргузор шуд, соҳиби 4 медали тилло гардид. Ин мусобиқа аз 6 то 8-уми январ баргузор гардида, Меҳроҷ дар ду вазн — 80 кг аз намуди ҷиу-ҷитсу ва 82 кг аз намуди Гран-При баромад кард ва соҳиби 4 медали тилло шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *