Рустам Ғаниев: Маоши омӯзгоронро баланд кардем

Маоши устодону кормандони филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе 20 фоиз боло бурда шудааст.

Директори филиали мазкур Рустам Ғаниев имрӯз, 11-уми август зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки ин иқдом ба хотири боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму зиндагии кормандон аст. “Мо маошро аз ҳисоби маблағҳои худи филиал зиёд кардем”,- таъкид дошт Рустам Ғаниев.

Ба иттилои номбурда, инчунин, омӯгороне, ки рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунанд, дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ ва докторӣ 20 000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ҳамзамон, донишҷӯёни филиал, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро мегиранд, то 5 000 сомонӣ мегиранд ва устодонашон бо 2500 сомонӣ мукофотонида мешаванд.

Таъкид гардид, ки ҳоло беш аз 90 фоизи донишҷӯёни равияи табиӣ дар ин филиал тариқи буҷавӣ таҳсил доранд.   

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *