Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Қубодиён

Имрӯз, 1 ноябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Қубодиён бинои шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бино аз се ошёна иборат буда, дар он 12 ҳуҷраи корӣ, китобхона, меҳмонхона бо се ҳуҷра ва маҷлисгоҳ бо 90 ҷойи нишаст мавҷуданд.

Корҳои сохтмонии бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён соли 2019 дар майдони 70 садяк оғоз гардида, бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд.

Дар шуъбаи маорифи ноҳия 28 нафар, аз ҷумла 8 зан фаъолият менамоянд.

Зимни шиносоӣ бо шароити кор дар иншооти нав Сарвари давлат маорифчиёни ноҳияро ҷиҳати истифодаи самараноки имконияти фароҳамшуда, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ ба камол расонидани насли наврас вазифадор намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *